ҚАДРДОНИИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

Бахшида ба 74 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр бо донишҷӯёну хонандагони макотиби миёнаву олӣ ва касбӣ вохӯриҳо доир намуданд. Дар муассисаи давлатии таълимии литсейи касбӣ техники шаҳри Бохтар рӯзи 30 –юми апрели соли равон чунин вохӯрӣ баргузор шуд, ки мавзӯи «Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ аз нигоҳи иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941 - 1945» дар бар дошт. Пас аз анҷом ёфтани вохӯрӣ гурӯҳи корӣ ба аёдати 4 нафар пирону барҷомондагони собиқадори ҷангу меҳнати шаҳр бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба Зайнулло Алиев, Аброр Камолов, Сафаралӣ Файзалиев ва Муҳаммади Ҳамроев иштирокчиёни ҶБВ соҳиби мукофоту унвон ва медалҳои зиёд мебошанд, аз наздик бо онҳо суҳбат ороста, ба онҳо тӯҳфаҳои пуливу молӣ супориданд. Гуфта шуд, ки иштирокчиёни ҶБВ доиман мавриди таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар қарор доранд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.