ВОХӮРИҲОИ ИТТИЛООТИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ

Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар ташкилоту муассиса, корхона ва маҳаллаҳои шаҳр бо фаъолон, ҷавонон аз касбу кори гуногун вохӯриҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида истодааст. Чунин як вохӯрӣ дар Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳр бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуданд. Вохӯриҳо оид ба пешгирии шомилшавии ҷонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, тарғиби арзишҳои миллӣ, омӯзиши Паёми навбатии роҳбари давлат баргузор гардиданд. Аъзоёни гурӯҳи корӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳр Музаффар Ғафуров, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Зарина Турахонова ва дигар масъулон баромад карда, оид ба мавзӯи мазкур маълумот доданд. Гуфта шуд, ки бояд ҳамеша наврасону ҷавонони тоҷик аз зиракии сиёсии худ доиман истифода карда, ба тарғиб, суханони бардурӯғи ифротгароён дода нашаванд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.