ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ БОХТАР

Дар маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бохтар дар мубориза зидди ҷинояткорӣ раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода, пракурори шаҳр И. Нусратзода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар Н. Исозода, сардори Нозироти андози шаҳр Неъматзода, муовини пракурор, ёрдамчиёни пракурори шаҳр, муфаттишони пракуратура ва муовинони раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассиса, корхона, раисони маҳалла ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар масъулон ширкат доштанд. Ёдовар бояд гардид, ки тибқи талаботи Амри мазкур камераҳои мушоҳидавӣ бояд дар биноҳои маъмурии мақомоти прокуратура, суд, корҳои дохилӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои маҳаллии як қатор вазорат ва кумитаҳои ҷумҳурӣ, бонкҳо, анборҳои нигоҳдории аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ, идораҳои барқ, беморхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, меҳмонхонаҳо, варзишгоҳҳо, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо. Фароғатгоҳҳо, толорҳои консертӣ, бозорҳо насб карда шавад.

Дар Шӯро иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП – 1366 аз 4 – уми августи соли 2010 ҷиҳати бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳаз гардонидани ташкилоту идора ва корхонаву муассисаҳо баҳри пешгирии содиршавии ҷиноят, амалҳои номатлуби террористӣ ва саривақт муайян намудани онҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт. Н. Исозода, полковники милитсия, сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар оид ба иҷроиши Амри болозикр дар соли 2018 ва давоми се моҳи аввали соли 2019 ҳисобот дод. Н. Исозода изҳор дошт, ки камераҳои мушоҳидавӣ дар самти ошкоркунии ҷинояткорӣ ва пешигирии ҷиноят мусоидат мекунад. Хусусан дар соли 2018 чанде аз ҷиноятҳо маҳз бо истифода аз сабти камераҳои мушоҳидавӣ ошкор гардид, ки ин кори кормандони корҳои дохила ва назорати тартиботи ҷамъиятиро осон мегардонад. Ҳамзамон дар робита ба оне, ки чанде аз ташкилоту муассисаҳо Амрро мувофиқи матлаб иҷро накардаанд ва нисбаташон чораандешӣ гардидааст. Вобаста ба ин шарҳи васеъро ёрдамчии калони Прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 3 Парвиз Солеҳзода пешниҳод кард. П. Солеҳзода зимни баромад қайд кард, ки таҳлилҳои прокурори нишон дод, ки баъзе ташкилот, биною иншоот ҳолатҳои корношоям будани камераҳои мушоҳидавӣ насб карда нашудааст. Зимни санҷиш дар муассисаи томактабии №1 –и шаҳр 14 камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда бошад ҳам, вале камераҳои мазкур дар ҳолати корношоямӣ қарор дорад. Чунин ҳолат дар муассисаҳои томактабии №3,17 ва 18 ошкор ва баҳри бартараф намудани қонуншикании мазкур аз тарафи прокуратура амр ирсол гардид. Агарчӣ аз ҷониби меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо ва терминалҳои мусофиркашонӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб гардида бошад ҳам, вале як қисми онҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд ва қисми дигарашон сабт намекунад. Инчунин дар бино ва атрофи ҶДММ «Хатлон - Сайёҳат» 16 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб гардида бошад ҳам, 3 ададаш сабт намекунанд. Бо ин вуҷуд дар ошкор сохтани ҳодисаи тирпаронии назди меҳмонхонаи мазкурро шаби 17 – уми марти соли 2019 соати 21:00 дақиқа рӯхдода баъзе мушкилот пеш овард. Ғайр аз ин дар муассисаи таълимии №8 санҷиш ошкор намуд, ки 16 камераи мушоҳидавӣ насб гардида, аз ин 9 ададаш дар ҳоалти корношоямӣ қарор доранд. Дар муассисаи таълимии №5 бошад аз 12 камера 4 адад камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Аз натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ барои фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 15 амр дода шуд.

Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода дар робита ба масъалаи насб накардан ва дар ҳолати корношоямӣ қарор доштани камераҳои мушоҳидавӣ, дар сатҳи лозима иҷро нагардидани Амри мазкур, ислоҳи камбудию норасоиҳо ба масъулин дастуру супоришҳои қатъи дод. Хусусан баҳри назорат роҳбари Дастгоҳ Ҷумъахон Меҳмондӯстзода, муовинони раиси шаҳр, мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи раиси шаҳрро масъул гардонид. Гуфта шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат камбудиҳо дар сатҳи лозима ислоҳ хоҳад гашт.

И. Нусратзода, прокурори шаҳр изҳор дошт, ки дар моддаи 1 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Аз ин рӯ, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Бояд таъкидҳои роҳбари давлатро ҳаргиз фаромӯшт накунем. Хусусан гуфтаеро чун «Бо ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ ба пешгирӣ намудани терроризму экстемизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.