Бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар ва эҷодкор озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» оғоз гардида, даврҳои якуму дуюм ва сеюми ин озмун дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо баргузор гардида истодааст. Дар шаҳри Бохтар низ дар даври шаҳрии озмуни мазкур беҳтарин ва пешсафтарин омўзгорони муассисаҳои таълимӣ иштироки фаъолона намуданд.
Имрӯз низ бо дастури раиси шаҳри Бохтар шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд, ки дар ин кормандони ташкилоту муассиса, корхонаҳо, донишҷўёну хонандагон ва дигар сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Бо мақсади ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо дастури раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода зери роҳбарии муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода усули хона ба хонаро ба роҳ мондаанд.
Имрӯз дар муассисаи таълимии №11 – и шаҳри Бохтар бо иштироки гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр зери роҳбарии Шоиста Абдуназарзода, муовини раиси шаҳр вохӯрии иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо волидайни хонандагон, омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон баргузор гардид. Нахуст, Ш. Абдуназарзода суханронӣ карда, дар бораи ҳадафи аслии баргузории ҷамъомад табодули афкор намуд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола санаи 3-юми декабр қайд карда мешавад, аз тарафи роҳбарияти шаҳри Бохтар иқдоми саховатмандона нисбати шахсони имконияташон маҳдуд сомон дода шуд. Дар тарабхонаи орзу барои ин қишри ҷомеа хони идона ороста шуд.
Форуми занони шаҳри Бохтар таҳти унвони «Баланд бардоштани мақоми занон – омили рушду суботи ҷомеа» бахшида ба 20-умин солгарди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» баргузор шуд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи Б. Ғафуров №9
Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.