Activities calendar

17 November 2019

Бохтар: МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТАНИ БОҒЧАИ КӮДАКОНАИ ХУСУСӢ БАРОИ 120 НАФАР

        Дар Рӯзи Президент дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода боѓчаи кӯдакона барои 120 нафар ҷой барои таълиму тарбия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Боғчаи мазкур дар маҳаллаи Маданият, кӯчаи З. Баротови шаҳри Бохтар ҷойгир мебошад. Бо баистифодадиҳии ин боғча 17 нафар соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд. Ин иншоот бо маблағи 420 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҳошим Бобоев омодаву пешниҳод гардидааст.

Ҳеҷ овозе нест

Бохтар: ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

        Дар театри мусиқи – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ва дигар масъулон, роҳбарону кормандони ташкилоту муассиса, корхонаҳои шаҳрию вилоятӣ баргузор гардид.

Ҳеҷ овозе нест

Бохтар: БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНА БА ИСТИФОДА СУПОРИДА ШУД

        Имрӯз ду бинои баландошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар кушодашавии иншооти ҷашнӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода иштирок намуданд.

Ҳеҷ овозе нест

Бохтар: БАИСТИФОДАДИҲИИ НУҚТАИ ТАЪМИРИ МОШИНҲО ВА ҚИСМҲОИ ЭҲТИЁТӢ

Дар ин рӯз, 16 –уми ноябри соли 2019 дар таҷлили Рӯзи Президент қатори дигар иншооти ҷашнӣ як нуқтаи таъмири мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба истифода дода шуд, ки дар он раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ва дигар масъулон иштирок доштанд.

Ҳеҷ овозе нест

Бохтар: РОҲПАЙМОИИ ҶАВОНОНИ БОХТАРӢ БАХШИДА БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

        Субҳи имрӯз, 16 –уми ноябри соли 2019, ҷавонону наврасони шаҳри Бохтар қатори дигар ҷавонони вилоят имрӯз дар раҳпоймоӣ, ки бахшида ба Рӯзи Президент дар маркази маъмурии вилояти Хатлон гузаронида шуд иштироки фаъолона доштанд. Дар даст шиору овеза ва навиштаҷот бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва ифтихори миллӣ раҳпаймоӣ намуданд.

Ҳеҷ овозе нест

Бохтар: КУШОДАШАВИИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ БОЗИИ ФУТБОЛИ ХУРД

        Майдончаи варзишии бозии футболи хурд дар Рӯзи Президент бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.