Activities calendar

09 June 2019

Бохтар: БА МАБЛАҒИ 911 ҲАЗОРУ 580 СОМОНӢ КУМАК БА НИЁЗМАНДОН РАСОНИДА ШУД

Ба иттилои бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз арафаи иди саиди фитр то имрӯз ба маблағи 911580 сомонӣ кумак ба маъюбону ятимони кулл, камбизоатон, шахсони яккаву танҳо, иштирокчиёни ҶБВ кумакҳои пулию молӣ расонида шуд. Гуфта мешавад, ки кумакҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассиса, корхонаҳо, соҳибкорони ватанӣ ва дигар шахсони сахопеша расонида шудааст.

Ҳеҷ овозе нест

Бохтар: ҲАШАРИ УМУМИШАҲРӢ

Дар шаҳри Бохтар бахшида ба омодагӣ ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар ҳашари мазкур кормандони ташкилоту муассиса, корхонаҳо ва сокинони шаҳр иштирок карданд. Дар ҳашар гирду атрофи биноҳо, ду тарафи роҳҳо, гулгаштҳо ва дар умум гирду атрофи шаҳр тозаву озода карда шуд. Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар раванди ҳашарро назорат намуд.

Ҳеҷ овозе нест

А. ИСМОИЛЗОДА: «Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур»

Ин дафъа дар қабули шаҳрвандон, ки аз тарафи раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода гузаронида шуд, зиёда аз 15 нафар сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.