Activities calendar

26 May 2019

ЧОРАБИНӢ ДАР ЛИТСЕЙИ ФИЗИКӢ – МАТЕМАТИККИ «ОРИЁНО»-И ШАҲРИ БОХТАР

ДАР ЛИТСЕЙИ ФИЗИКӢ – МАТЕМАТИКИИ ОРИЁНОИ ШАҲРИ БОХТАР БО ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОН ЧОРАБИНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД. ЧОРАБИНИИ МАЗКУР АЗ ҚИРОАТИ МИСРАҲОИ ШЕЪРӢ, РАҚСУ СУРУД, САҲНАЧАХОИ ПУРМАЗМУН, СУХАНОНИ ҲИКМАТБОР ИБОРАТ БУД. ДАР РАВАНДИ ЧОРАБИНӢ РОҲБАРИ МУАССИСА БАҲРИГУЛ ҚОСИМЗОДА ВА ОМӮЗГОРОНИ ТАҶРИБАДОР ОИД БА МАВЗӮЪ ВА РАВАНДИ ЧОРАБИНӢ ТАБОДУЛИ АФКОР КАРДАНД.

Ҳеҷ овозе нест

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ТАРАФИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР АБДУАЛИМ ИСМОИЛЗОДА

Кабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода баргузор гардид. Дар қабул шаҳрвандони шаҳр оид ба мушкилоти худ муроҷиат намуданд.

Миёна: 3 (1 овоз)

А. Махмадов: «АМАЛИЁТИ ХАТНАИ ТИФЛОН БОЯД ДАР МУАССИСАҲОИ ТИББӢ АНҶОМ ДОДА ШАВАД»

Дар се моҳи аввали соли 2019-ум дар ҳуҷраи амалиёти хатнагузаронии марказии Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар амалиёти хатнаи 213 кӯдак суннатӣ анҷом дода шудааст. Кӯдаконе, ки аз ҷониби ҷарроҳони КАТС-и шаҳр хатна кунонида шудаанд, асосан аз навзод то 6-сола мебошанд. Ҳамчунин, тибқи иттилои манбаъ, аз ин шумора 5-6 фоизро навзодон ташкил мекарданд.

Ҳеҷ овозе нест

НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПИЛЛА ИҶРО ШУД

Кирмакпарварони шаҳри Бохтар аз иҷрои дурнамои соланаи истеҳсоли пилла мужда расониданд.

Миёна: 4 (1 овоз)

ПИРӮЗИИ «ХАТЛОН» ДАР ДЕРБИИ ВИЛОЯТ

Дар даври ҳамтуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ дидорашро бо дастаи «Панҷшери»-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ баргузор намуд.

Ҳеҷ овозе нест

РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Дар шаҳри Бохтар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода, роҳбарони ташкилоту муассиса, корхонаҳо ва ҷавонону наврасони маркази вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар он Ш. Абдуназарзода суханронӣ аз таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату ҳукумат нисбати ҷавонон ёдовар гардид. Ҳамзамон хусуси дастигриҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр нисбати ҷавонон баромад кард.

Миёна: 3.5 (2 votes)

А. ИСМОИЛЗОДА: «ҶАВОНОН ТАҲТИ ҒАМХОРИИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТАНД»

Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ба аёдати ҷавонони маъюб ва ятими кулли шаҳр рафта, бо вазъи зиндагии онҳо шинос шуд. Бо ҷавонони маъюб ва ятими кулл ва пайвандони онҳо суҳбат орост. Абдуалим Исмоилзода дар баробар аз ҳоли онҳо бохабар гардидан барояшон кумакҳои молию пулӣ тақдим кард. Изҳор дошт, ки ҷавонон доиман дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар, хусусан роҳбари олии мамлакат қарор доранд.

Миёна: 5 (1 овоз)

ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ОЛИҚАДР АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РУССИЯ

Намояндагони Федератсияи Россия бо роҳбарии Вазири кишоварзии ин мамлакат Патрушев Дмитрий Николаевич бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар шаҳри Бохтар меҳмононро самимона истиқбол карданд. Дар қабули меҳмонон раиси вилояти Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ва дигар масъулон иштирок доштанд.

Ҳеҷ овозе нест

ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Умед Зоирзода вазъи фаъолият ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқро дар шаҳри Бохтар мавриди таҳлил қарор доданд. Намояндагони гурӯҳи корӣ, ки иборат аз мутахассисони баландихтисоси вилоят буданд, аз хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди шаҳр, ҳолати кишти пахта ва нашъу намои он ва дигар зироатҳо дидан карданд.

Ҳеҷ овозе нест

А. Исмоилзода: «НАРХИ МАҲСУЛОТИ НИЁЗИ МАРДУМ ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН БОЯД АРЗОН ГАРДАД»

Гурӯҳи кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо роҳбарии раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода дар якҷӣ бо намояндагони прокуротура, шуъбаи корҳои дохилӣ, маркази назорати давлтии санитарию эпидемиологӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор аз нарху навои маҳсулоти аввалия дар се бозори шаҳри Бохтар дидан карданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.