Ҳунари воло ҳамеша қадр мегардад

Ансамбли рақсии «Ситора»-и шаҳри Бохтар, соли 2016 таъсис ёфта дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар фаъолият дорад. Ансамбл дар тамоми чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ширкати фаъолона намуда, бо ҳунару истеъдоди худ тамошобинон ва дӯстдорони рақси миллиро мафтун намудааст.
       Имрӯз, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, вохӯрии Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳр бо ҳайати ансамбли рақсии «Ситора», баргузор гардид. Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, ба тамоми дастаи гулдухтарони ансамбл барои саҳми арзишманд гузоштан дар чорабинии таърихӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, минатдории худро расонид. Ҳамзамон, раиси шаҳр аз фаъолияти пурифтихори ансамблҳои гузаштаю имрӯзаи ҷумҳурӣ ёдоварӣ намуда, аз ҳайати ансамбл даъват намуд, ки дар пайравӣ ба ансамблҳои номвари мамлакатамон дар баланд бардоштани номи Тоҷикистони азизамон, ва ҷилонок нишон додани фарҳанги пурғановати меҳани куҳанбунёд ва соҳибфархангамон, саҳми арзишманди худро гузоранд. Сипас ба тамоми аъзоёни ансамбли рақсии «Ситора»-и шаҳри Бохтар, маблағҳои ҳавсмандгардонӣ барои саҳми арзишмандашон, ки муддати бистуяк рӯз дар гӯшаю канори дурдасти мамлакат, дар чорабиниҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок ва саҳмгузорӣ намуданд, дар фазои тантанавӣ супориданд.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Бохтар

You may also like...