Маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳри Бохтар

Субҳи имрӯз 25 августи соли 2021 аввалин тоннаҳои пахтаи рӯёнидаи деҳқонони шаҳри Бохтар таҳти унвони “Корвони сурх” дар асоси шартнома ба корхонаи пахтатозакунии ҶДММ “Наврӯз”-и ноҳияи Кӯшониён ворид гардид.

Дар чорабинии мазкур Вализода Қурбон, муовини раиси шаҳри Бохтар, Абдулмуъминзода Аҳлиддин, мудири шуъбаи кишоварзии шаҳри бохтар иштирок намуда ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр барори кор ва муваффақият орзу намуданд.

You may also like...