ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН ХОНАИ УМЕДИ МАН ” БАЙНИ МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ БОХТАР

Бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тарғиби арзишҳои волои ин санаи тақдирсоз имрӯзҳо дар ҳама маҳаллаҳои шаҳри Бохтар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардида истодааст.
Сокинони шаҳри Бохтар, аз ҷумла маҳаллаҳои “Умари Хайём”, “Дӯстии халқҳо” бо ифтихормандӣ ва садоқат нисбати санаи муқаддас аз ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил намудаанд.
Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сокинон дастранҷи худро ба намоиш гузошта, бо шиору овезаҳо зери унвони «Тоҷикистон хонаи умеди ман», «Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш», «30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бод», «Ватан сар мешавад аз деҳаи ман» дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ гузаронида шуд.

You may also like...