Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар дар асоси Ҷадвали тасдиқнамудаи раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин дар мувофиқа бо Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон муҳтарама Абдуллозода Фариза дар бораи баргузории мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди Футболи хурд миёни ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Бохтар” ва бахшида ба таҷлили “30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир намуданд.
Тибқи Ҷадвали тасдиқнамуда дируз дастаи футболи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Беморхонаи шаҳри қувваозмоӣ намуда, бози бо ҳисоби 16 – 1 ба фоидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба анҷом расид.