Дар шаҳри Бохтар озмуни нон ва маҳсулотҳои нонӣ багузор гардид

Имрӯз 14- уми августи соли 2021 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар озмуни вилоятии нон ва маҳсулотҳои нонӣ таҳти унвони ” Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин ва муовинони раиси вилояти Хатлон, Акрам Сулаймонзода ва Низом Мирзозода, инчунин роҳбарону кормандони идораю ташкилот ширкат доштанд.
Сараввал иштирокдорони чорабинӣ аз маҳсулотҳои ба маърази тамошо гузоштаи ҳунармандони чирадасти шаҳру навоҳии вилоят дидан карда ба ҳунару маҳорати омодасозии нонҳои ҳунармандон баҳои баланд доданд. Боиси зикр аст, ки дар чорабинӣ баробари намоиши маҳсулоти тайëшуда инчунин тарзи тайëр намудани нон дар танурро ҳунармандон пешкаши тамошобинон карданд. Дар инҷо озмуни нонлабчинӣ низ гузаронида шуд, ки ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Сипас Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Хатлон дар назди ҷамъомадагон суханронӣ кард. Дар суханронии хеш зикр кард, ки иқдоми мазкур дар асоси иҷрои банди 28-и ҷадвали баргузории фестивал намоиш, ид ва озмунҳои анъанавӣ инчунин ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27- уми январи соли 2020 тасдиқ гардидааст баргузор шуда истодааст.
Мақсад аз баргузор намудани фестивали мазкурро Акрам Сулаймонзода, маънидод намуд, ки мақсади ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ, аз нав эҳë намудани шаклҳои омодасозии нонҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ буда, бо ин тарз оммавӣ гардониданӣ суннатҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи муқаддас будани нон мебошад.
Сипас ғолибон муайян гардида бо сипоснома ва диплому мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. Тазаккур бояд дод, ки дар озмун шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи аввал ва шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи дуюм гардиданд, дар ин баробар ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ, сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ҷамъбаст аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Бохтар барои болида сохтани руҳияи иштирокдорон рақсу таронаҳои дилнишин пешкаш гардид.

You may also like...