Паёми табрикотии раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин ба муносибати Рӯзи варзишгарон
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлолу ҷавони мо санаи 10-уми август ҳамасола Рӯзи варзишгарон ботантана таҷлил мегардад. Дастгирии варзишгарон ва шароити мусоид барои машқу тамринҳо фароҳам овардан яке аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи варзиш ба ҳисоб меравад. Дар ин росто низ Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд намуданд, ки “Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад” Аз фурсати муносиб истифода бурда кулли варзишгарон – муаррифгарони Ватан, ҷавонон ва собиқадорони соҳаи варзишро бо ин рўзи хотирмон аз номи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар табрик менамоям.
Варзиш қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифгари кишварҳо, воситаи беҳтарини ҳифзи саломатии инсон ва густариши тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки давлату Ҳукумат ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ва баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба варзиш диққати аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо дарки аҳамияти ин нукта, дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти таъмини рушди он, фароҳам овардани имкониятҳои арзандаи варзишӣ, дастгирӣ ва қадршиносии варзишгарон иқдоми зиёдро амалӣ мекунад. Мо аз он ифтихор менамоем, ки варзишгарони шаҳри Бохтар дар давоми 7 моҳи соли 2021 дар 3 мусобиқаи байналмилалӣ, 11 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 4 Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 бозиҳои варзишӣ иштирок намуда соҳиби 42 медали тилло, 26 медали нуқра, 32 медали биринҷӣ дар умум 100 медал ба даст оварданд. Бо истифода аз фурсат, бори дигар ҳамаи Шумо – варзишгаронро бо иди касбӣ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи варзишӣ дастоварду комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Рӯзи варзишгарон муборак!