Дар шаҳри Бохтар ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид.

Санаи  4 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар боғи 70 – солагии водии Вахши шаҳри Бохтар  ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид.

Дар ярмаркаи мазкур корхонаи дузандагии шаҳр, ширкати хориҷии Кота глобал ва соҳибкорони ватанӣ намудҳои муайяни сару либос ва лавозимоти мактабиро пешниҳод менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки ширкати хориҷии Кота глобал аз моҳи октябри соли 2019 то ин ҷониб дар шаҳр фаъолият намуда истодааст. Ширкати мазкур ашёи хомро аз Ҷумҳурии Корея дастрас намуда бо 10 муассисаи таълимии шаҳр шартома дорад.

Тазаккур бояд дод, ки ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ин макон ҳамарӯза аз соати   8:00 то 17:00   амал мекунад.

You may also like...