ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ

Санаи 22-юми майи соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳр, Наҷмиддин Давлатзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарону кормандони идораю ташкилотҳои ҳудуди шаҳр иштирок доштанд.

Субҳи барвақт, наврасону ҷавонон, ки иборат аз муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкада ва колеҷҳои ҳудуди шаҳр, дар даст шиору овезаҳои тарғибкунандаи сарҷамъию муттаҳидии ҷавонон ва парчамҳои давлатӣ, ба майдони роҳпаймоӣ ҳозир шуданд. Роҳпаймоӣ, ки аз назди Кохи “Ватан” шуруъ гардид дар зери оҳангҳои навозандагони ҷавони мактаби санъати бачагонаи шаҳр бо асбобҳои мусиқии миллии то майдони маҷмааи «Ваҳдат» идома ёфт.

Дар майдони «Ваҳдат» Қурбонзода Наргис, муовини раиси шаҳри Бохтар, назди ҷамъомадагони чорабинӣ суханронӣ карда гуфт, ки «Мо ба эҳсоси гарми ватандӯстии ҷавонони бо ору номуси Втани худ боварии комил дорем. Зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи Пешвои миллат мебошанд».

Муовини раиси шаҳри дар идомаи суханрониаш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки замони он фаро расидааст, то аз ҳарвақта дида бештар атрофи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дар ободу зебо гардидани ҳар гушаи Ватан саҳми арзишманди хешро гузоранд.

Сипас, чанде аз ҷавонони фаъол дар назди ҳозирин суханронӣ карда минатдории худро барои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр баён дошта ваъда доданд, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои роҳбарияти Олии кишвар тамоми донишу малакаи андухтаашонро дар роҳи муарифию рушд додани Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф хоҳанд намуд.

Пас аз суханронию шодбошиҳо, Наргис Қурбонзода ва Давлатзода Наҷмиддин, чанде аз ҷавонони фаъоли шаҳрро, ки дар рушду нумуъи ҳайёти ҷавонон ва тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ саҳми арзишманд гузоштаанд бо сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, қадрдонӣ карданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ, аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳри Бохтар барномаи консертии иборат аз суруду таронаҳои тараннумгари ҷавонӣ ва рақсу намоиши либосҳои миллӣ, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

You may also like...