Кумаки шаҳри Бохтар ба мардуми аз офати табии зарардидаи минтақаҳои шаҳри Кӯлоб

Чу узве ба дард оварад рӯзгор, дигар узвҳоро намонад қарор

Зери чунин шиор, рӯзи 12-уми майи соли равон аз ҷониби шаҳри Бохтар ба мардуми аз офати табии зарардидаи минтақаҳои шаҳри Кӯлоб кумаки молӣ расонида шуд.

Дар ин рӯз роҳбарияти шаҳри Бохтар бо огаҳӣ ёфтан аз мусибати гӯшае аз ватани маҳбубамон, минтақаи Кӯлоб худро канор нагирифта бо ташкил намудани ҷаласаи фаврӣ, ки дар он ба тамоми идораю ташкилот ҷиҳати омода сохтани корвони кумак ба минтақаҳои зарардидаи Кулоб шаҳри бостонӣ, ки дар натиҷаи боридани борони шиддатнок ва обхезӣ зарар дида, ҳатто талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст дастуру супоришҳо доданд. Сокинони шаҳри Бохтар бо нангу номуси ватандорӣ то тавоноии худ дар ин кумак саҳмгузорӣ намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки дар ин кумак аз ҷониби шаҳри Бохтар ба осебдидагони офати табии баъзе аз минтақаҳои шаҳри Кӯлоб маводҳои хурока аз қабили орд, равған, макарон, қанди сафед, шакар, биринҷ, пиёз, картошка, сабзӣ ва дигар ашёҳои рӯзгор расонида шуд. Дар ин баробар роҳбарияти шаҳри Бохтар ҳамдардии амиқи сокинони шаҳри Бохтарро ба мардуме, ки наздикони худро дар ин офати табии аз даст додаанд расониданд.

You may also like...