ОЗМУНИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОРӢ
Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон мекунад:
Мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар, маош 1674 сомонӣ;
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар, маош 1131 сомонӣ;
Сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, маош 1131 сомонӣ;
Мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, маош 1131 сомонӣ;
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан ва ё тариқи почтаи электронӣ (kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj😉 пешниҳод менамоянд:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647 «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» нишон додашуда;
-Варақаи шахсӣ;
-Тарҷумаи ҳол; -Нусхаи шиноснома; -Нусхаи диплом; -Дафтарчаи меҳнатӣ; -Нусхаи гувоҳнома (ИНН); -Сурат 4х6 (3дона,ранга); -Маълумотномаи надоштани доғи судӣ; -Маълумотномаи тиббӣ (маълумотномаи шакли 038УЕ); -Маълумотнома аз ҷои зист; -Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ; -Нусхаҳои шаҳодатномаи кӯдакон. -СИН. -Эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкӣ. |
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби маъмурии хизмати давлатӣ:
– Барои ишғолкунандагони мансабҳои категорияи маъмурии мудир – категорияи сеюм: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ва 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– Барои ишғолкунандагони мансабҳои категорияи маъмурии сармутахассис – категорияи панҷум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– Барои ишғолкунандагони мансабҳои категорияи маъмурии мутахассиси – категорияи ҳафтум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ва собиқаи хизмати давлатӣ ё собиқаи умумии меҳнатӣ доштан зарур нест ;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Бохтар, кӯчаи Б. Ғафуров №9, мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон: 8 (3222)-2-84-50, 2-00-10.
Қабули ҳуҷҷатҳо:
Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд дар давоми то 21 рӯз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.