Зафар Нуралиев: Наҷоти шаҳрванд қарзи ҷавонмардиям буд!
Рӯзи 22-юми апрели соли ҷорӣ, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар ба табрики Зафар Нуралиев, донишҷӯӣ Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ташриф овард.
Тибқи иттилоъи Муҳаммад Мусозода, сардори кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии шаҳри Бохтар, рӯзи 19-уми апрели соли ҷорӣ, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб 2021», бахшида ба 30-слагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ин рӯз сокинон зери навою суруди иштирокчиёни озмун шодию нишот доштанд. Шабнам Сафарова, сокини шаҳри Душанбе, таваллудаш 19.02.1998, ки дар шаҳри Бохтар барои тамошои манзараҳои дилфиреб ташриф дошт бо сабабҳои номаълум дар оби дарёи «Ҷайҳун», ки суръати ҳракаташ хеле тез аст афтида ғарқ мегардад. Аз сабаби сард будан, тезҳракат будани об Шабнам Сафарова аз об имкони берун баромадан пайдо намекунад. Дар ин ҳолат Зафар Нуралиев, донишҷӯи бахши сеюми факултети Электромеханикаи Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, соли таваллудаш 2000-ум сокини ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара барои наҷот додани Шабнам Сафарова ҷони хешро дар хатар гузошта ба ҷараёни об ҳамроҳ мешавад. Дар пайи кушишҳои чандинкарата ва заҳмати зиёди ин ҷавони инсондусту худшинос Шабнамро аз об берун намуда ҷони онро аз марг наҷот медиҳад. Баъди берун баровардани Шабнам аз об ӯро тариқи мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи «Қарияи боло», ки ба номи Бурӣ Воҳидов, маъруф аст интиқол медиҳанд. Табибони таҷрибадори ин беморхона бо кушиши зиёд Шабнамро муолиҷа намуда бо тани солим ӯро ба назди оилаашон гусел намуданд. Ҷунин ҷасурию далерӣ ва дарёдилии Зафарро раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, ректори донишкада Диловар Исозода аз мадди назар дур намонда барои ибрат гардидан ва мактаби мардонагию инсондустиро дар байни ҷавонони кишвар боз намудан ӯро ҷасуртарин ҷавонмар дар байни дигар донишҷӯëни донишкада тахаллус доданд. Маҳз ба хотири хизмати шоён анҷом додани Зафар Нуралиев, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, ӯро бо сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва туҳфаи пулӣ қадрдонӣ кард. Ҳамзамон аз ҷониби ректори донишкадаи мазкур ба Зафар Нуралиев, ифтихорнома барои анҷом додани кори нек ва ба ҳайёт бар гардонидани як фарди кишвар тақдим гардид. Дар ин баробар ба Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар барои таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардан ба донишкада ва кумаку дастгирӣ намудани донишҷӯёни донишкада аз ҷониби Диловар Исозода, ректори донишкада бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.
Дар ин вохӯрӣ Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар суханронӣ намуда ҷасурию чолокии бемисли Зафар Нуралиевро ибратбахш арзёбӣ намуд. Таъкид дошт, ки «Қаҳрамонию ҷоннисории Пешвои муаззами миллатро барои сарҷамъ ва аз нестӣ раҳонидани халқи тоҷик фаромӯш насохта хислатҳои неки инсонии Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор диҳем. Инчунин дар пайравӣ ба хислатҳои наҷибӣ Президенти кишвари маҳбубамон баҳри осоиштагӣ ва дар арсаи олам муаррифӣ намудани кишварамон ҳамчун давлати тамаддунофару таърихӣ, ваҳдатофарин талоши беохир намоем. – Маҳз истиқлолият ва дастгирии пайвастаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбати ҷавонон буд, ки аз ин ҳама неъматҳо илҳом гирифта ҷасуртару тавонотар гардида истодаанд. Бо пойдории суботи сиёсӣ ва истиқлолияти комил ҷавонон бо далерию шуҷоатмандӣ баҳри баланд бардоштани парчами давлатӣ дар ҷаҳон заҳмат кашида истодаанд. Месазад тамоми ҷавонони кишвар дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбубамон аз як гиребон сар бароварда ҳри рушд додани кишвар талош намоем»-, гуфт Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар.